Баъд аз чоп баромадани «Тафсири Осонбаён», Низомиддини Убайди ном шахс соли 2011 дар Россия бо истифода аз тахаллуси камина Абӯаломуддин ва бе иҷозат ва назорати муаллиф китобе ба номи «Тафсири Осонбаён» нашр кардааст, ҳамчунин шахси дигар , ки IMOM MAHDI ном доштааст, «Тафсири Осонбаён»-ро бе иҷозат ва назорати муаллиф дар интернет нашр кардааст. Агар дар ин нашрҳо қасдан ё саҳван дар матн тағироте ва хатоҳое роҳ ёфта бошад, дар зиммаи мутасаддиёни онҳо аст , на муаллиф. Он нусхаи «Тафсири Осонбаён», ки ҳоло шумо иншоаллоҳ мутолиа хоҳед кард, як чанд маротиба аз тарафи муаллиф ва муҳаррир ислоҳ ва мукаммал шудааст ва бо розигии муаллиф ба хонандагони азиз пешниҳод мегардад. Бо умеди дуъо Абӯаломуддин ва Ҳамидуллоҳ Хабибуллоҳзода.